Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғазнӣ пойтахти фарҳанги исломӣ мешавад


Қиисмати бостонии шаҳри Ғазнии Афғонистон
Қиисмати бостонии шаҳри Ғазнии Афғонистон
Дар вилояти ҷанубу шарқии Ғазнии Афғонистон чораҳои шадиди амниятӣ қабул шудаанд. Ғазнӣ-пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2013-ум эълон хоҳад шуд. Барои ширкат дар ин маросим мансабдорону чеҳраҳои шинохтаи афғон, намояндагони расмии Эрон, Тоҷикистон, Миср ва ҳайати Созмони исломии маориф, илм ва фарҳанг ё худ ISESCO даъват шудаанд. Рӯзи ҷумъа вазири фарҳанги Афғонистон Сайид Махдум Раҳин Толибонро ҳам барои иштирок дар ин маърака даъват кард. Ҷои ёдоварист, ки созмони ISESCO дар соли 2007-ум эълон карда буд, ки соли 2013-ум Ғазниро барои як сол ба мақоми пойтахти фарҳанги исломӣ дар минтақаи Осиё пешбарӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG