Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав "рӯйхати Магнитский"-ро бепосух нагузошт


Бинои вазорати умури хориҷии Русия.
Бинои вазорати умури хориҷии Русия.

Дар ҷавоб ба нашри ба истилоҳ “рӯйхати Магнитский” аз тарафи ИМА, Русия ҳам рӯйхати амрикоиҳоеро, ки аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд, ба табъ расондааст.

Рӯзи шанбе вазорати корҳои хориҷии Русия номи 18 мансабдори амрикоиро, ки ба қавли Маскав дар “поймол намудани ҳуқуқи башар” нақш доранд, интишор намуд. Дар ин рӯйхат номи як идда мансабдорони маъмурияти собиқ президенти ИМА Ҷорҷ Буш ва чанд мансадори дигар сабт шудааст, ки дар муҷозоти шаҳрвандони Русия дар маҳбасҳои амрикоӣ нақш доштаанд.

Як рӯз пеш аз ин иқдоми Русия Вашингтон 18 нафарро, ки аксаран шаҳрванди Русия ҳастанд ва бо поймол намудани ҳуқуқи башар муттаҳам мешаванд, аз ҳаққи вуруд ба ИМА маҳрум намуда, ҳисобҳои бонкии онҳо дар Амрикоро ҳабс кард.
Ҳуқуқшинос Сергей Магнитский як идда мансабдорони Русияро бо сирқати 230 миллион доллар аз ҳисоби андозҳо муттаҳам карда буд, вале ӯ соли 2009-ум дар боздоштгоҳи пеш аз муҳокима ба ҳалокат расид. Қазияи Магнитский дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун рамзи ноадолатӣ ва поймолшавии ҳуқуқи башар дар Русия ва мубориза барои ҳокимияти қонун дар ин кишвар арзёбӣ мешавад.

Дар рӯйхати сиёҳи ИМА асосан мансабдорони сатҳи миёна ҳастанд, ки яке аз онҳо зодаи Узбакистон Олег Слипченко мебошад. Ӯ вазифаи муфаттиши баландпояи вазорати корҳои дохилии Русияро бар ӯҳда дошта, бо ташкили ҳабси Магнитский ва азияти ӯ дар маҳбас муттаҳам мешавад. Мансабдори дигари шомили рӯйхати Магнитский муфаттиши вазорати корҳои дохилии Русия Павел Карпов аст, ки тибқи айбномаи Магнитский дар дуздани пули давлат саҳм дошта, бо гурӯҳҳои муташаккилонаи ҷиноӣ дар тамос аст. Карпов ин айбномаро рад мекунад.

Дар рӯйхати Вашингтон ҳамчунон номҳои мансабдорони идораи андоз, додситонӣ ва маҳбаси Маскав, ки Магнитский дар он ба ҳалокат расидааст, шомил мебошанд. Конгресси ИМА дар соли 2012-ум қонуни Магнитскийро ба тасвиб расонида, ба Қасри Сафед ваколат дод, ки рӯйхати мансабдорони муттаҳам бо даст доштан дар қазияи Магнитский ва поймол намудани ҳуқуқи башарро тартиб диҳад.

Дар миёни 18 нафаре, ки феълан Вашингтон дар рӯйхати Манитский дохил намудааст, 16 нафар бо қазияи ин ҳуқуқшиноси иртибот доранд. Ду нафари дигар зодаи Чеченистон мебошанд: Казбек Дукузов шомили ин рӯйхат аст, зеро бо куштори рӯзноманигори амрикоии муқими Русия Пол Хлебников дар соли 2004-ум муттаҳам мешавад. Зодаи дигари Чеченистон Леча Богатиров-собиқ муҳофизи раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров мебошад, ки бо куштори яке аз мунаққидони Қодиров дар соли 2009-ум муттаҳам мешавад.

Эндрю Кучинс-шореҳи барномаи Русия ва Авруосиёи маркази пажӯҳишҳои стратегии Вашингтон мегӯяд: “Маъмурияти Амрико саъй дорад, таъсири манфии ин қонун ба равобити ИМА ва Русияро коҳиш диҳад. Онҳо медонанд, ки Русия ҳам ба ин қонун ё худ “рӯйхати сиёҳ” посух медиҳад. Ба фикрам дар Маскав баъзеҳо оҳи сабук кашиданд, ки рӯйхат бузург нест ва зарбаи он ҳам шадид нахоҳад буд.”

Ибтидо маъмурияти президент Обама мухолифи қабули ин санад буд, вале баъди қабули қонуни Магнитский дар Конгресс, онро имзо кард. Русия дар ҷавоб манъи фарзандохонии ятимони рус аз тарафи шаҳрвандони ИМА-ро манъ кард ва рӯзи шанбе рӯйхати ҷавобиашро ошкор намуд.

Ба қавли вазорати корҳои хориҷии Русия, дар ин рӯйхата асосан мансабдороне шомил шудаанд, ки дар тасвиби қонунии шиканҷа, тасдиқи боздоштҳо дар зиндони Гуантанамо ва ҳамчунон рабудану азияти шаҳрвандони Русия саҳм доранд. Аз ҷумла дар ин рӯйхати Маскав Дейвид Аддингтон-собиқ раиси дастгоҳи собиқ ноиб-президенти ИМА Дик Чейнӣ, Ҷон Йо-собиқ мансабдори вазорати адлияи ИМА, ки бозпурсӣ бо истифода аз усули омехта бо шиканҷаро тасдиқ кардааст ва ҳамчунон ду фармондеҳи собиқи боздошгоҳи Гуантанамо ба чашм мехӯранд. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков гуфтааст, ки рӯйхати сиёҳи Русия мисли рӯйхати Вашингтон бахши махфӣ низ дорад, ки номҳои он эълон нахоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG