Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маскав ба "рӯйхати Магнитский" ҷавоб дод


Эътирози тарафдорони Магнитский дар назди вазорати корҳои дохилии Русия ( дар акс раиси ҳизби Озодӣ Борис Немтсов бо акси Магнитский)

Эътирози тарафдорони Магнитский дар назди вазорати корҳои дохилии Русия ( дар акс раиси ҳизби Озодӣ Борис Немтсов бо акси Магнитский)

Дар ҷавоб ба нашри ба истилоҳ “рӯйхати Магнитский” аз тарафи ИМА Русия ҳам рӯйхати амрикоиҳоеро, ки аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд, ба табъ расондааст. Рӯзи шанбе вазорати корҳои хориҷии Русия номи 18 мансабдори амрикоиро, ки ба қавли Маскав дар “поймол намудани ҳуқуқи башар” нақш доранд, интишор намуд. Дар ин рӯйхат номи як идда мансабдорони маъмурияти собиқ президенти ИМА Ҷорҷ Буш ва чанд мансадори дигар сабт шудааст, ки дар муҷозоти шаҳрвандони Русия дар маҳбасҳои амрикоӣ нақш доштаанд. Як рӯз пеш аз ин иқдоми Русия Вашингтон 18 нафарро, ки аксаран шаҳрванди Русия ҳастанд ва бо поймол намудани ҳуқуқи башар муттаҳам мешаванд, аз ҳаққи вуруд ба ИМА маҳрум намуда, ҳисобҳои бонкии онҳо дар Амрикоро ҳабс кард. Аз ин байн 16 нафар дар қазияи Магнитский саҳм доштаанд, Ҳуқуқшинос Сергей Матнитский як идда мансабдорони Русияро бо сирқати 230 миллион доллар аз ҳисоби андозҳо муттаҳам карда буд, вале ӯ соли 2009-ум дар боздоштгоҳи пеш аз муҳокима ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG