Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зукоми мурғӣ дар Чин зуҳур намуд


Табибон тасдиқ кардаанд, ки дар Чин як духтари ҳафтсола мубталои зукоми мурғӣ шудааст. Рӯзи шанбе шӯъбаи беҳдошти Пекин гуфт, ин аввалин ҳодисаи тасдиқшудаи сирояти зукоми мурғӣ дар мавҷи ахири сирояти зуком дар ин кишвар аст. Фанг Лайинг-раиси шӯъбаи беҳдошти Пекин мегӯяд:
Мо набояд ба таҳлука афтем. Мо таҷрибаи ҷилавгирӣ аз ин беморӣ дар Пекин ва манотиқи шарқии кишварро дорем. Барои мисол мо то ҳол ягон шаҳодати убури вируси H7N9 аз инсон ба инсонро ташхис накардаем. Ҳамчунон дар Пекин мо дарёфтем, ки афроди наздик ба шахси гирифтори зукоми мурғӣ мубталои бемории зуком нестанд.”
Ба гуфти ҳамин идора падару модари духтар парранда мефурӯшанд. Духтар рӯзи панҷшанбе бо ҳарорати баланд, сулфа, дарди гулӯ ва дарди сар ба шифохона интиқол ёфт. То кунун расман 40 нафар бо вируси H7N9 олуда шудаанд, ки аз байни онҳо 11 нафар ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти Чин ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯянд, ки ҳоло хавфи сирояти саросарӣ ё худ эпидемия мушоҳида намешавад.
XS
SM
MD
LG