Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи нерӯманд дар шарқи Осиё


Субҳи шанбе заминларзаи баробар бо 6 дараҷаи чеанки Рихтер ғарби Япония (Ҷопон)-ро такон дод. Тибқи гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ бар асари заминларза камаш 15 нафар захм бардоштандва чандин бино зиён дидаанд. Хавфи тсунами нашудааст. Хабаргузории Киодо навиштааст, ки дар бораи вазъи нерӯгоҳи ҳастаии Иката, ки дар ин минтақа фаъол мебошад, гузорише пахш нашудааст. Соли 2011-ум тсунами таҷҳизоти нерӯгоҳи ҳастаии Фукушимаро аз кор бароварда боиси олудашавии радиоактиви баъзе манотиқи Япония шуда буд.
XS
SM
MD
LG