Пайвандҳои дастрасӣ

Зилзила "Сарез-аждаҳои хуфта"-ро бедор кард


Тибқи иттилои маркази зилзилашиносии Аврупо, шаби гузашта, заминларзаи шадид минтақаи кӯли Сарез, воқеъ дар вилояти Бадахшонро такон додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, шиддати ин зилзила 4,7 дараҷаи ҷадвали Рихтер буда, маркази он дар 335 километрии шарқи пойтахти Тоҷиистон воқеъ мебошад. То кунун дар мавриди зиёни моливу ҷонии ин зилзила чизе гуфта нашудааст.

Сарез кӯлест, ки дар натиҷаи заминларзаи шадиди моҳи феврали соли 1911 ва баста шудани маҷрои руди Мурғоб ба вуҷуд омадааст. Кӯл, бо захираи беш аз 17 миллиард метри мукааб оби тозаи ошомиданӣ, дар баландии бештар аз 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифта, бархе аз муҳаққиқон онро «нозанини кӯҳистон» ва бархеи дигар «аждаҳои хуфта» унвон кардаанд.
XS
SM
MD
LG