Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё бо "бонуи оҳанин" худоҳофизӣ мекунад


Дар Британия омодагиҳо ба маросими дафни Маргарет Течер-нахуствазири пешин оғоз шудааст.

Ба поси хотираи ин хонум, ки дар миёни сиёсатмадорони ҷаҳон бо номи мустаори “бонуи оҳанин” машҳур буд, маросими расмии дафн бо паради ифтихории низомиён барпо мекунанд.

Чунин маросимро барои дафни Диана-шаҳзодаи Британия баргузор карда буданд. Ҳатто барои Уинстон Черчил-нахуствазири машҳури солҳои ҷанг чунин маросимро раво надиданд.

Чунин ифтихор барои он ба Маргарет Тетчер дода мешавад, ки вай Британияро ба қавли Дэвид Камерон-нахуствазири кунунӣ аз бӯҳронҳо наҷот дод ва баъдтар дар тағири сисёсати ҷаҳонӣ нақш дошт.

ЧАРО ТЕТЧЕР “БОНУИ ОҲАНИН” ШУД?

Хонум Маргарет Тетчер ҳанӯз қабл расидан ба мақоми нахуствазирӣ чун “бонуи оҳанин” ном бароварда буд. Вай худаш инро медонист ва гоҳо бо шӯхӣ ба он вокуниш нишон медод. Аз ҷумла дар соли 1976 вақте, ки раиси Ҳизби Муҳофизакори Британия интихоб шуд, ин ҳизб бо кобинаи Ҳизби Коргар дар мухолифат қарор дошт. Вай медонист, ки дар сӯҳбатҳо аз вай бо номҳои гуногуни мустаор ёдоварӣ мекунанд: “Бонуи оҳанини ҷаҳони ғарб”(ханда ва кафзанӣ), “муборизи ҷанги сард” (ханда), “зани мардмиҷози оштинопазир” ва ҳатто “тавтеагари чиноӣ”.

Ҳамаи ин номҳои мустаор ба иродаи қавӣ, устуворӣ ва кордонии Тетчер ишора мекунад. Ин хислатҳо ба вай дар давраи нахствазириаш кӯмак кардааст.
Баъд аз се соли ин суханон “бонуи оҳанин” дар интихобот ҳизби худро ба пирӯзӣ расонд ва раҳбарии ҳукумати Британияро ба даст гирифт. Ҷон О’Сулливан, ки мушовири махсус ва таҳиякунандаи матни суханрониҳои Тетчер буд, он солҳоро ба ёд меорад ва мегӯяд, Тетчер замоне ба мақоми нахуствазирӣ расид, ки Британия ба душвориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд:

“Вай аз нуқтаи назари усулӣ ва иқтисодӣ Британияро наҷот дод. Вай ба зудӣ баъд аз “зимистон ё фасли норизоятӣ” ба курсии нахуствазирӣ нишаст. Он вақт дар саросари Британия корпартоиҳо идома дошт. Мурдаҳоро дар Ливерпул ба хок намесупурданд, партовҳо дар Лондон ҷамъ шуда буд, беморони қалб бо эътироз шифохонаҳоро тарк мекарданд. Ин фақат се намуна аст, вале агар дар маҷмӯъ сӯҳбат кунем, мардум ин эҳсосотро доштанд, ки Британия ба ботлоқи навмедӣ фурӯ меравад. Барои наҷоти он воқеан тадобири қавввӣ зарур буд.”

Барои наҷот аз чунин вазъ Тетчер се корро анҷом дод. Аввал, иттифоқҳои касабаро ба чаҳорчӯбаи қонун ва назорат даровард. Дуввум, суботи арзиши пулро таъмин кард ва барои ба нақша гирифтани соҳибкорӣ фазои собити молӣ ба вуҷуд овард. Севвум, инқилоби хусусӣ кардан ва озодии иқтисодро, ки дар саросари ҷаҳон кори беҳуда ба назар мерасид, оғоз кард.

То ҳол вақте, ки мардум дар бораи хусусӣ кардан сӯҳбат мекунанд, аз ёд мебаранд, ки ин корро замоне дар ҷаҳон ҳамин “бонуи оҳанин” шурӯъ карда буд. Вай табақаи нави саҳмиядоронро ба арсаи ҳаёт овард. Қабл аз ин касе дар зиндагиаш фикр намекард, ки саҳмияи корхонаҳоро ҳам харидан мумкин будааст.

Ин барномаи Тетчер дар двоми даҳ соли нахуствазириаш Британияро на танҳо аз бӯҳрон раҳо сохт, балки онро ба яке аз иқтисодҳои бузурги дунё ё дақиқтар ба иқтисоди чаҳоруми ҷаҳон табдил дод.

ЭЪТИБОРИ ТЕТЧЕР ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Дар арсаи байналмиллалӣ эътибори Британия баъд аз солҳои Ҷанги Ҷаҳонии дуввум поин мерафт ва дар солҳои аввали нахуствазирӣ ҳатто худи Ҳизби Муҳофизакор фикр мекард, ки дар интихоби Тетчер иштибоҳ кардаанд. Вале иродаи қаввӣ вайро марҳила ба марҳила ба пеш мебурд.

Масалан, душмании сарсахтонаи Тетчер бо Иттиҳоди Шӯравӣ ва даъватҳои пайгиронаи вай барои таҷдиди аслиҳаи ҳастаии Британия баъзе муҳофизакорони ислоҳталаби ҳизби вайро ба ҳарос андохта буд, ки мумкин аст ҷанги ҳастаӣ шурӯъ шавад. Вале вай дар суханронии бебоконаи худ дар соли 1976 нишон дод, ки вай воқеан “бонуи оҳанин” аст. Баъд аз ин суханронӣ номи мустаор ба сафҳаҳои матбуоти вақти Шӯравӣ роҳ ёфт.

Тетчер бовар дошт, ки дар Шӯравӣ насли нави раҳбарӣ сари кор хоҳад омад ва бо ин насл “забон ёфтан” мумкин аст. Вай иштибоҳ накард. Горбачёвро ба Лондон даъват кард ва баъд аз мулоқот гуфт, “Горбачёв шахсест, ки мешавад бо вай кор кард”. Баъд аз се моҳи боздид аз Лондон Горбачёв дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба курсии раҳбарӣ нишаст. Ҳамкории хуби вай бо Роналд Рейган-раиси ҷумҳури вақти Амрико ба сиёсатҳои Кохи Кремли Маскав таъсир гузошт, таҳдиди хатарҳои ҳастаӣ аз байн рафт ва аз мусобиқаи таслиҳоти ҳастаӣ пешгирӣ ба амал омад.

Намунаи дигари дурандешии Тетчерро аз тазоҳуроте дар Лондон мешавад ёдоварӣ кард. Вақте, ки ҷонибдорони Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия аз табақаи дуввуми сафорати ин кишвар дар Лондон ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушоданд, як корманди пулиси Лондон кушта шуд. Қотилон боздошт нашуданд, онҳоро ба Либия баргардонданд. Матбуоти Британия пур аз хашму ғазаб шуд.

Вале Тетчер бо лаҳни соддаву рӯшан гуфт, ин тасмим дуруст аст, то аз шаҳрвандони Британия дар Либия қасос нагиранд.

БРИТАНИЯ ҲАНӮЗ ДАР ҚАЛАМАРВИ ПУЛИ “ЕВРО” НЕСТ

Аммо Тетчер бо пули воҳиди Аврупо, ки имрӯз бо номи евро дар муомилот аст, мухолиф буд. Чанд ҳукумат омаду рафт. Ин ҳукуматҳо борҳо таҳқиқоти густардаву амиқ анҷом доданд ва то ҳол ҷуръат намекунанд, ки Британия ба унвони кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ба қаламрави евро ворид шавад. Онҳо то ҳол тасмими Тетчерро дуруст мешуморанд.

XS
SM
MD
LG