Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нуфузи ҲИУ дар шимоли Афғонистон


Тибқи гузоришҳо, нуфузи Ҳаракати исломии Узбакистон дар шимоли Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Ин гуруҳ, ки аз муттаҳидони наздики танзими Ал-Қоида ва ҳаракати Толибони афғон мебошад, дар миёни узбакҳои вилояти Тахор бештар нуфуз кардааст. Ҷое ки дар замони ҳукумати Толибон, маркази муқовимат алайҳи ин режим ба шумор мерафт.

Шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира дар як гузориш гуфтааст, ки таваҷҷуҳи бештари НАТО ва Амрико алайҳи Толибон дар ҷануби Афғонистон, боис шудааст, то замина барои фаъолияти ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар шимоли Афғонистон мусоид шавад. Ба гуфтаи генерал Бобоҷон, фармондеҳи қитъаи 303-и Помир, Ҳаракати исломии Узбакистон дар се соли ахир бештар тақвият ёфтааст.

Тибқи гузориши «The Long War Journal», аз он ҷо ки нерӯҳои НАТО дар ҳоли берун рафтан аз Афғонистон ҳастанд, нерӯҳои афғон ва байналмилалӣ ҳамлаҳояшонро алайҳи ҲИУ афзоиш додаанд. Ин нерӯҳо дар се моҳи аввали соли 2013- мелодӣ шаш амалиёти низомиро бар зидди ҷангиёни ин гуруҳ анҷом додаанд, ки се амалиёти он дар манотиқи шимоли Афғонистон сурат гирифтааст.
Ба навиштаи ин журнал, дар ин муддат амалиёт алайҳи ин гуруҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст.

Фарид Закӣ, муовини волии Тахор мегӯяд, дар натиҷаи амалиёт дар бархе аз манотиқи ин вилоят, теъдоде аз афроди мусаллаҳи мухолиф саркӯб шудаанд. Аммо таъйид кард, ки Ҳаракати исломии Узбакистон дар минтақаҳое фаъол мебошад, ки бо вилоятҳои Қундуз ва Бағлон ҳаммарз ҳастанд. Вай гуфт: «Бубинед, як теъдод аз афроде, ки бо гуруҳи Толибон ва Ҳаракати исломии Узбакистон вобаста мебошанд, дар бархе аз минтақаҳо фаъолият мекунанд. Аммо ба он шакл, ки дар миёни мардуми Тахор нуфуз кунанд, нест. Лекин онҳо дар минтақаҳое фаъолият доранд, ки дар мавриди он нигаронӣ дорем.»

Дар ҳамин ҳол генерал Зулмай Вейсо, фармондеҳи урдуи 209-и Шоҳин мегӯяд, ҳамла бар ҷангҷӯёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар меҳвари амалиёти нерӯҳои вижаи ин воҳиди низомӣ қарор дорад. Ба гуфтаи вай, ин гуруҳ ба бошандагони маҳаллӣ сохтан ва ҷобаҷо кардани бамбҳои канориҷодаӣ ва ҳамлаҳои интиҳориро омӯзиш медиҳанд ва дар куштори шуморе аз мақомоти давлатӣ ва раҳбарони қавмӣ даст доранд. Генерал Висо ҳамчунин гуфт: «Онҳо монанди вирусанд, ки ҳар қадар густариш ёбанд, бемориро интишор медиҳанд.»

Гуфта мешавад, нишонаҳое аз нуфузи ин гуруҳ дар шимоли Афғонистон, барои аввалин бор дар авоили соли 2009 ба мушоҳида расида буд. Ба гуфтаи як мақоми афғон, ки нахост номаш зикр шавад, он замон касе ба ин масъала таваҷҷуҳ накард ва рӯҳониён низ дар масҷидҳо алайҳи онҳо сухан нагуфтанд. Ба ҳамин далел, ҳанӯз вақти зиёде сипарӣ нашуда буд, ки онҳо силоҳ ба даст гирифтанд.

Бошандагони маҳал дар густариш ва нуфузи ин гуруҳ, давлат ва нерӯҳои байналмилалиро гунаҳкор дониста мегӯянд, ки бинобар заъф ва нотавонии ҳукумат, ҷангиёни Ал-Қоида дубора ба ин минтақа баргаштанд.
XS
SM
MD
LG