Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳам ба Куриёи Шимолӣ ҳушдор дод


Вазорати умури хориҷии Русия сафири Куриёи Шимолӣ дар Маскавро ба вазорат хонда ва нигарониҳои кишвар аз амалкардҳои ахири Пхенянро иброз доштааст. Игор Моргулов, муовини вазири умури хориҷии Русия, рӯзи ҷумъа дар ин бора бо Ким Йонг Ҷае сӯҳбат кардааст. Моргулов ба Куриёи Шимолӣ ҳушдор додааст, ки «аз иқдомоте, ки мумкин аст, ба афзоиши хушунат мебаранд, парҳез кунад» ва аз он кишвар хостааст, ба мизи музокирот баргардад ва мушкилот дар Нимҷазираи Куриёро аз роҳи дипломатӣ ҳал кунанд. Аз ин пештар Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, таҳдидҳои Куриёи Шимолӣ бо ҷанг ғайриқобили қабул аст ва “агар зарур шавад, Амрико шариконаш ва худашро дифоъ хоҳад кард.” Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ ҳафтаҳои ахир чандин бор таҳдид кард, ки ба Амрико ва Куриёи Ҷанубӣ бо силоҳи атомӣ ҳамла мекунад.
XS
SM
MD
LG