Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз Медведев камтар пул кор кардааст


Ҳукумати Русия даромади аъзои баландпояи худ дар соли гузаштаро нашр кард ва бар асоси он Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳур Владимир Путин, аз худи ӯ ҳам пули бештар кор кардааст. Бар асоси эъломияҳое, ки дар торнамои раиси ҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа нашр шуд, Владимир Путин соли 2012 тақрибан 187 ҳазор доллар ва Дмитрий Песков 205 ҳазор доллар даромад доштаанд. Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, соли гузашта 500 доллар бештар аз Путин пул кор карда ва даромадаш 187 500 долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG