Пайвандҳои дастрасӣ

Қибрис аз Иттиҳодияи Аврупо кӯмаки бештар мехоҳад


Никос Анастасиадес, раиси ҷумҳури Қибрис, мегӯяд, аз Иттиҳодияи Аврупо хоҳад хост, ки барои наҷоти кишвари дармондааш, кӯмакҳои бештари молӣ кунад. Ӯ рӯзи ҷумъа гуфт, ба унвони Хосе Мануэл Бароссо, раиси Кумиссиёни Аврупо ва Ҳерман Ван Ромпуи, президенти Иттиҳодияи Аврупо номае навишта ва хостааст, ки “бо тағйири сиёсати иттиҳодия нисбат ба Қибрис ба он кӯмаки бештар кунанд.“ Раиси ҷумҳури Қибрис мушаххас накард, ки чӣ қадар кӯмаки молӣ мехоҳад. Вазирони молияи ҳавзаи евро рӯзи ҷумъа дар шаҳри Дублин масъалаи наҷоти молии Қибрисро баррасӣ карданд, ки ҳафтаи гузашта гуфт, дар маҷмӯъ ба 23 миллиард евро мӯҳтоҷ аст. Яъне акнун ба Қибрис лозим аст, ҷиҳати ба даст овардани 10 миллиард евро кӯмаки молӣ барои бонкҳои мӯҳтоҷаш аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул, бар изофаи 7 миллиард евро саҳми худаш, 6 миллиард еврои дигар пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG