Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико 18 мақоми расмии Русияро танбеҳ дод


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 18 шаҳрванди Русияро аз ҳаққи сафар ва аз дастрасӣ ба ҳисобҳояшон дар он кишвар маҳрум кард. Ҳамаи ин афрод дар Феҳрасти Магнитский шомиланд. Ҷей Карни сухангӯи Кохи Сафед дар ин бора гуфт:"
Мо бо истифода аз санади Магнитский ва дигар абзорҳои қонунӣ тазмин медиҳем, онҳое, ки масъули бадрафторӣ ва марги ҷаноби Магнитский шуданд, аз ҳаққи сафар ба Амрико ва соҳибкорӣ дар инҷо маҳрум бошанд."
Мақомоти Русия соли 2008 Сергей Магнитский, вакили дифоъи русро, ки фасодкорӣ дар миёни баъзе аз мақомоти ҳукумати Русияро ошкор карда буд боздошт карданд ва ӯ баъди як сол дар боздоштгоҳ даргузашт. Сенати Амрико баъдан хост, феҳрасти онҳое таҳия шавад, ки дар марги Магнитский даст доштаанд. Шонздаҳ нафар афроди шомили феҳрастро барои нақш доштанашон дар парвандаи Магнитский танбеҳ додаанд. Ду нафари дигар аз мақомоти расмии Ҷумҳурии Чеченистон низ дар феҳраст ҳастанд. Сергей Магнитскийро соли 2008 баъди он боздошт карданд, ки гуфт, баъзе аз мақомоти Русия аз роҳи фиреб 230 миллион долларро аз худ кардаанд. Русия гуфтааст, нашри чунин феҳраст ба муносиботи ду кишвар латма хоҳад зад.
XS
SM
MD
LG