Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Амрико ба марзбонони тоҷик кӯмак кард


Сюзан Эллиотт

Сюзан Эллиотт

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба марзбонони тоҷик 2 миллион доллар кӯмаки билоивази фаннӣ намуд. Дар ин бора Сюзан Эллиотт-сафири Амрико дар Душанбе хабар дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти сафорати ИМА ин кумак аз нақлиёт ва таҷҳизоти лозима барои неруҳои марзбонӣ иборат аст, ки аз сӯи Барномаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Фармондеҳии марказии Амрико ё CENTCOM сармоягузорӣ шуда ва имконоти марзбонони тоҷикро дар таъмини амнияти марзҳои давлатии Тоҷикистон беҳтар хоҳад кард.

Ба таъкиди дафтари матбуотии сафорати Амрико сафир Сюзан Эллиотт дар ин маросим гуфт, ки “ҳукумати Амрико талошҳои давлати Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ҷонибдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG