Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Размоиши низомии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон


Пойгоҳи низомии Русия рӯзи панҷшанбе дар размоишгоҳи «Лоҳур», Мумирак» ва «Сумбула» машқҳои низомӣ анҷом додааст, ки дар ҷараёни ин машқҳо 500 сарбоз ширкат дошта ва теъдоди бузурги ҷангафзору зиреҳпӯш истифода шудааст. Димитрий Матушкин, сардори Дафтари матбуоти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки натиҷаи ин 3 машқи низомӣ дар Ситоди марказии пойгоҳи низомӣ рузи ҷумъа баррасӣ карда шуд, ки тайи як моҳи ахир ҳамзамон дар се машқгоҳ ин размоишҳо идома карданд. «Доираи ин размоишҳо фарогир буда, дар он 500 сарбоз ва беш аз 100 тӯпхона (артиллерия) ва 1000 гулулаи силоҳҳои оташфишон истифода карда шудааст. Сарбозони Русия дар ҷараёни ин машқҳо, таҷрубаҳои нави ҷангӣ дар шароити куҳистон ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо душманро аз худ кардаанд. Ҷараёни машқҳои низомӣ таҳти назорати фармондеҳи фирқаи 201 уми Русия дар Тоҷикистон полковник Сергей Рюмшин сурат гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG