Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: Таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ "қобили қабул" нест


Ҷон Керрӣ бо вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ дар Сеул
Ҷон Керрӣ бо вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ дар Сеул
Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, ки таҳдидҳои ҷанг аз сӯи Кореяи Шимолӣ ”қобили қабул” нест ва агар зарур бошад, Амрико аз муттаҳидонаш ва аз хадаш дифоъ мекунад.

Ҷон Керрӣ ин нуктаро рӯзи ҷумъа дар Сеул-пойтахти Кореяи Ҷанубӣ изҳор дошт. Вай гуфт, ки Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ мехоҳанд, ки дар нимҷазираи Корея сулҳ ҳукмфармо ва ин ҷазира холӣ аз аслиҳаи ҳастаӣ бошад.

Ин изҳороти вазири корҳои хориҷаи Амрико дар ҳоле садо дод, ки рӯзи панҷшанбе як ниҳоди кашфи Амрико дар бораи имконоти Кореяи Шимолӣ гузорише ба нашр расонд.
Дар он омадааст, Кореяи Шимолӣ аз тавоноии партоби мушакҳои болдори дорои кулоҳакҳои ҳастаӣ бархурдор аст.
XS
SM
MD
LG