Пайвандҳои дастрасӣ

Тотористон пӯшидани рӯймолу ҳиҷоб дар мактабро иҷоза дод


Маҷлиси мардумии Тотористон пӯшидани рӯймолу ҳиҷобро барои духтарон ва муаллимаҳо дар мактабҳои миёна иҷоза дод.

Ренат Валиулин-раҳбари Анҷумани тоторҳои ҷаҳон, ки дар Маҷлис ширкат дошт гуфт, дар ин қарор ҳамчунин омадааст, ки ҳамаи утоқҳои намоз дар мактабҳои миёна баста шавад.

Маҷлиси мардумӣ аз раҳбарону фаъолони созмонҳои асосии ғайридавлатӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва ғайритиҷоратӣ иборат аст. Дар ин Маҷлис масъалаи мазкур барои он баррасӣ шуд, ки дар бораи манъи пӯшидани ҳиҷоб ва рӯймол дар мактабҳои миёна гузоришҳо ба нашр расид.

Тасмими ахири Маҷлис бо қонунҳои мавҷудаи Тотористон мутобиқ аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG