Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико номи афроди мамнуъулвуруди Русияро чоп мекунад


Интизор меравад, ки имрӯз Амрико феҳристи кормандони давлатиеро, ки дар парвандаи “Магнитский” даст доранд, ба нашр расонад. Дар ин феҳрист номи ононе ворид хоҳад шуд, ки дар куштори Сергей Магнитский-ҳуқуқшиноси бунёди Hermitage Capital дар зиндони Маскав ширик дониста мешаванд.

Бино ба қонуне, ки дар поёни соли гузашта дар Амрико бо номи “Қонуни Магнитский” ба тасвиб расид, барои баъзе аз шахсон таҳримҳои молӣ ва мамнуияти сафар ба Амрико пешбинӣ шудааст.

Дар посух ба чунин иқдоми Амрико Маскав эълон кардааст, ки феҳристи шаҳрвандони Амрикоро, ки ҳақи вуруд ба қаламрави Русияро надоранд, чоп хоҳад кард. Ба ақидаи Русия, чунин одамон шахсоне мебошанд, ки дар хориҷа бар зидди шаҳрвандони Русия ҷиноят содир кардаанд.
XS
SM
MD
LG