Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирони бозиҳои даври 2-юми мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олиро эълон кард.

Ду бозии даври дуюм 13-уми апрел ва ду бозии дигар 14-уми апрел баргузор мешаванд.

Даври 2-юм
13-уми апрел, шанбе. Оғози бозиҳо - соати 16.00.
«Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров). Шаҳри Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Ёварони сардовар: Қурбонмаҳмад Каримов, Сафармаҳмад Шоймардонов (ҳарду аз Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд). Нозири бозӣ: Шавкат Аҳмадов (Душанбе).

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Хайр» (Ваҳдат). Шаҳри Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи “Пахтакор”. Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак). Ёварони сардовар: Комилҷон Қурбонов, Акмал Буриев (ҳарду аз Турсунзода). Довари эҳтиётӣ: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа). Нозири бозӣ: Пулод Қодиров (Душанбе).

14-уми апрел, якшанбе. Оғози бозиҳо - соати 16.00.

«Равшан» (Кӯлоб) - «Энергетик» (Душанбе). Шаҳри Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. Сардовар: Каюмарс Сулаймонов (Душанбе). Ёварони сардовар: Холмурод Зардов (Душанбе), Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа). Довари эҳтиётӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе). Нозири бозӣ: Кенҷа Ҳаитов (Турсунзода).

«Панҷшер» (Румӣ) - «Истиқлол» (Душанбе). Ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ. Варзишгоҳи марказӣ. Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе). Ёварони сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа), Исматулло Муъминов (Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе). Нозири бозӣ: Султон Қосимов (Душанбе).


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» 1 1 0 0 3-0 3
2. «Хайр» 1 1 0 0 2-0 3
3. «Регар-ТадАЗ» 1 1 0 0 1-0 3
4-7. «Истаравшан» 1 0 1 0 0-0 1
4-7. «Парвоз» 1 0 1 0 0-0 1
4-7. ССКА «Помир» 1 0 1 0 0-0 1
4-7. «Энергетик» 1 0 1 0 0-0 1
8. «Хуҷанд» 1 0 0 1 0-1 0
9. «Панҷшер» 1 0 0 1 0-2 0
10. «Вахш» 1 0 0 1 0-3 0
11. «Равшан» 0 0 0 0 0-0 0

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG