Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ба маблағи беш аз 15 миллион доллар доруворӣ ва дигар таҷҳизоти заруриро ба Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ ва дармони бемории диабети қанд кӯмак кард.

Ин кӯмаки башардӯстона бо дархости Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва аз тариқи созмони ғайридавлатии башардӯстонаи «HOPE” ироа шуд.

Нахустин маҳмулаи кӯмаки башардӯстонаи Амрико рӯзи ҷумъаи 12-уми апрел зимни маросиме бо ҳузури Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон ва Саида Ҷобирова, муовини вазири тандурустии ин кишвар ба Маркази ҷумҳуриявии эндокринологии Тоҷикистон ироа гардид.

Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Душанбе зимни ироа кӯмаки башардӯстона ба Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологии Тоҷикистон гуфт, кишвараш омодаи кӯмак ба манзури беҳбуди бахши тандурустии Тоҷикистон аст ва ин ҳамкориҳо муддати чанд соли оянда давом дорад.

Ба ин тартиб, ба ин марказ доруворӣ ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба маблағи ҳудуди 7 миллион доллар расонида шуд, ки шомили инсуллин, глюкагон, сӯзандору ва дигар маводи лозимӣ мебошад. Ин миқдор доруворӣ барои 2500 нафар беморони диабети қанд ба муддати 1, 5 сол
хоҳад расид.

Қарор аст, бақияи ин кӯмаки ба башардӯстона аз тариқи вазорати тандурустӣ ба бемористонҳо ва марказҳои дармонӣ тақсим карда шавад.

Зимнан, тибқи иттилои масъулони беҳдоштии Тоҷикистон, теъдоди беморони диабети қанд дар ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст ва то аввали соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар беш аз 26 ҳазор нафар беморони диабети қанд сабт шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG