Пайвандҳои дастрасӣ

Узви эҳтимолии ҲИУ дар Магнитогорски Русия боздошт шуд


Як шаҳрванди Қирғизистон дар шаҳри Магнитогорски Русия ба эҳтимоли узвияташ дар Ҳизби Исломии Туркистон боздошт шуд. Фаъолияти ин ҳизб мамнуъ эълон шудааст.

Кормандони вазорати дохилаи Русия дар Магнитогорск рӯзи ҷумъа гуфтанд, ки ин шахси гумонбар дар вилоятҳои дигари Русия ақидаҳои ин ҳизби мамнуъро таблиғ мекард. Ба гуфти онҳо, ин мард аз Русия ба Қирғизистон истирдод хоҳад шуд.

Ҳизби Исломии Туркистонро чун Ҳаракати Исломии Узбакистон низ мешиносанд. Ин ҳаракат бо Толибон ва Ал Қоида иртибот дорад. Фаъолияти ин ҳизбу ҳаракат дар Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна мамнуъ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG