Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, аз Амрико ва муттаҳидонаш дифоъ мекунад


Барак Обама
Барак Обама
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, ҳамаи роҳҳои дипломатиро ба кор хоҳад бурд, то таниш бо Кореяи Шимолиро коҳиш диҳад, вале Вашингтон ҳамчунин барои ҳифзи Амрико ва муттаҳидонаш “ҳамаи иқдомоти зарурӣ”-ро низ рӯи даст мегирад.
Обама ин суханонро баъд аз гуфтугӯяш бо Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ роҷеъ ба Кореяи Шимолӣ изҳор дошт.

Барак Обама ҳамчунин аз Кореяи Шимолӣ хост, ки ҳар гуна лаффозиву хитобаҳои худро камтар кунад:

“Мо ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расидем ва ҳоло барои Кореяи Шимолӣ вақти он расидааст, ки лаҳни ҷангҷӯёнаро канор гузорад ва талош кунад, ки вазъ оддӣ шавад. Касе ҷонибдори муноқиша дар нимҷазираи Корея нест”.

Ким Ёнг Ун-раҳбари Кореяи Шимолӣ бо таҳдидҳои худ дар бораи оғози ҳамлаи атомӣ бисёриҳоро дар Осиё асабонӣ кард.
XS
SM
MD
LG