Пайвандҳои дастрасӣ

Конфронсе дар Аврупо роҷеъ ба имкони сармоягузорӣ дар Тоҷикистон


Дар порламони Аврупо зери расёсати намоянда Струан Стивенсон конфронсе роҷеъ ба “Имконоти нави сармоягузорӣ дар бахши энержии Тоҷикистон” баргузор шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ ба матбуот хабар додааст.

Дар он Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон суханронӣ кард. Вай аз ҷумла ёдоварӣ кард, ки сармоягузорони хориҷӣ метавонанд дар бахшҳои энержӣ, нафту газ, саноат, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, коркарди фаровардаҳои кишоварзӣ сармоягузорӣ кунанд.

Дэвид Робсон-раиси ширкати Тетис Петролиумдар ин нишст изҳор дошт, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании нафту газ мебошад. Аз ҷумла дар ҳавзаи рӯдхонаи Ому 27,5 миллиард бушка захираи нафт ва 3,22 триллион метри муккаб захираи газ вуҷуд дорад ва он дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна камназаир аст.
XS
SM
MD
LG