Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гирудорҳои рӯзи панҷшанбеи муҳоҷирон дар Петербург


Пулиси шаҳри Санкт-Петербург дар майдони Сенная 378 нафарро боздошт кардааст. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС иттилоъ додааст. Дар ин майдон 11 апрел задухурде рух додааст ва дар он як нафар аз ҷумҳурии Қабардину Балқар кушта шудааст.

Пулиси шаҳр гуфтааст, ки ҳоло ширкати 19 нафар дар ин задухурд тафтиш карда мешавад. 330 нафари дигарро ба шӯъбаҳои пулис бурдаанд, то тафтиш кунанд, ки иқомати онҳо дар Русия қонунист ё хайр.

Сабабҳои рух додани ин ҳодиса низ то ҳол эълон нашудааст. Марди 33 солаи қабардин дар ҷои ҳодиса аз захми корд ҷон додааст. Ба гуфтаи пулис, дар ин моҷаро 20 нафар ширкат доштаанд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони кишварҳои Шӯравии пешин будаанд.
Дар бораи ширкати тоҷикон дар ин ҳодиса хабар дода намешавад.
XS
SM
MD
LG