Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Facebook созмони нави сиёсӣ ташкил мекунад


Марк Зукерберг

Марк Зукерберг

Марк Зукерберг-раҳбари Facebook эълон кардааст, ки як созмони сисёсӣ ташкил мекунад ва ҳадафи он ҷорӣ кардани ислоҳот дар сисёсати муҳоҷират аст.
Гурӯҳи Fwd.us ҳамчунин мехоҳад сифати таҳсил беҳтар шавад ва дар ин бахш сармоягузорӣ афзоиш ёбад.

Дар ин бора Зукерберг дар мақолае дар рӯзномаи The Washington Post изҳори аққида кардааст. Дар он гуфта шудааст, ки ба гурӯҳи Fwd.us раҳбарони ширкатҳои бузурги дигар низ дохил хоҳанд шуд.

Зукерберг гуфтааст, сиёсати муҳоҷират бо шароити кунунии ҷаҳон мутобиқат намекунад. Ба ақидаи вай, ин сисёат бояд содда карда шавад ва Амрико бояд барои ҷалби истеъдодҳо аз кишварҳои дигар низоми дарёфти шаҳрвандиро низ содда кунад.
XS
SM
MD
LG