Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби "Новая воля" 100 000 имзоро барои виза ба Думаи супурд


Дар Русия ҳизби "Новая воля" барои ҷорӣ кардани муқаррароти раводид ё виза бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз 100 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардааст ва онро ба Думаи Давлатӣ мефиристад. Дар ин бора Артём Тюрин-сухангӯи ҳизби мазкур ба нашрияи The Moscow Post хабар додааст.

Тюрин гуфтааст, пештар ҳам ҳизби онҳо 100 ҳазор имзо ҷамъ оварда буд ва онро ба Думаи Давлатӣ супурд, вале то ҳол ба он ҷавобе нагирифтааст. Бо вуҷуди ин, Тюрин гуфтааст, ки дар доираҳои ҳукуматӣ дар ин бора ақидаҳо кам-кам тағир меёбанд.
XS
SM
MD
LG