Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳои Раҳмон баъд аз хуруҷи НАТО аз Афғонистон


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо НАТО дар Бруссел

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо НАТО дар Бруссел

Тоҷикистон амиқан нигарон аст, ки баъд аз хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистони ҳамсоя, нигарониҳои амниятӣ бештар мешавад.

Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе изҳори назар кард.

Оқои Раҳмон гуфт, ду рӯйдоди муҳим, ки қарор аст ҳамзамон дар як сол дар Афғонистон анҷом бигирад, мояи нигаронист. Вай дар ин маврид ба хуруҷи нируҳои эътилофи байналмиллалӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар ишора кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин суханонро дар ҳошияи конфронсе бо сармоягузорон дар Бруссел изҳор дошт.

Оқои Раҳмон, ки бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО дар Бруссел мулоқот анҷом дод, аз Аврупо ва аз маҳофили байналмиллалӣ хост, ки вазъи Афғонистонро пас аз соли 2014 баъд аз хуруҷи нируҳо ҷиддӣ бигиранд ва дар таҳкиму тақвияти артиш ва нируҳои пулис ба ин кишвар кӯмак кунанд.

Ҳукумати Афғонистон ва НАТО нигаронанд, ки баъд аз хуруҷи даҳҳо ҳазор нируи байналмиллалӣ мумкин аст Афғонистон дастхуши нооромиҳо шавад ва шӯришиёни Толибон фаъолтар гарданд.

Агар вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ноором шавад, ба марзҳои Тоҷикистон низ хатар таҳдид хоҳад кард. Раҳматулло Абдуллоев-раҳбари Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа дар Душанбе мегӯяд, барои таъмини амнияти марз бо Афғонистон, Тоҷикистон дигар ба нируҳои марзбонии Русия ниёз надорад, балки худаш аз уҳдаи ин кор мебарояд. Фақат бояд ҳукумати Тоҷикистон барои пур кардани холигоҳҳои амниятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ҳамкориро бо аҳолии ду тарафи марз бештар кунад, то таҳдид ба марзҳо камтар шавад. Боло бурдани омодагии муҳорибавии артиши Тоҷикистон низ аз шартҳои муҳим ба шумор меравад.

Ҷакӣ Ҳейл-таҳлилгари умури Осиёи Миёна барои “Ҷамъияти Боз” дар Белжик дар мусоҳибае бо "Озодӣ" гуфт, ки фақат нооромӣ дар Афғонистон масъалаи мавриди нигаронии Тоҷикистон нест, балки қочоқи маводи мухаддир, нигарониҳои амниятӣ дар минтақа, сардии муносибот бо Узбакистон низ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ мебошанд. Гузашта аз ин, мардум ё интихобкунандгон аз сӯҳбат дар бораи озодии мазҳаб худдорӣ мекунанд. Масъалаҳои убури ғайриқонунӣ аз марзҳо, истифодаи захоири об, коҳиши тасарруфи қудрат ва маҳалгароӣ низ аз ҷумлаи чунин масъалаҳо ба шумор мераванд. Ба ақидаи хонум Ҷакӣ Ҳейл, ҳали ин масъалаҳо ҳамкориҳои тулониро мехоҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳерман Ван Ромпу

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳерман Ван Ромпу

Ҳерман Ван Ромпу-раиси Шӯрои Аврупо дар мулоқоти рӯзи чаҳоршанбе оқои Раҳмонро мутмаин сохт, ки Иттиҳодияи Аврупо Осиёи Миёна ва Афғонистонро фаромӯш нахоҳад кард ва кӯмакҳояшро барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир идома хоҳад дод.

Оқои Раҳмон гуфт, бо вуҷуди он, ки Сандуқи Байналмиллалии Пул гуфтааст, суръати рушди иқтисод дар Тоҷикистон кунд аст ва Русия метавонад дар иқтисолди минтақа ба таври ғайримустақим таъсир гузорад, сабабе вуҷуд надорад, ки иқтисоди Тоҷикистон рушд накунад. Вай намуна овард, ки дар се моҳи соли 2013 рушди иқтисод 7,3 дарсадро ташкил додааст.

ТОҶИКИСТОН ЗАХИРАҲОИ ҚАВВИИ РУШД ДОРАД

Тоҷикистон дар солҳои Шӯравии аз ҷумлаи ҷумҳуриҳои ақибмонда ба шумор мерафт, вале дорои захираҳои бузурги энержист. Дар конфронси сармоягузорон дар Бруссел Шералӣ Гул-вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфт, ки “захираи нафту гази Тоҷикистон тақрибан як миллиарду 33 миллион тон ҳадс зада мешавад”.

Дар кишварҳои Осиёи Миёна танҳо як ширкати мустақили нафту газ бо номи Tethys Petroleum фаъолият мекунад ва Тоҷикистон “ҷавҳар”-и он ба шумор меравад. Моҳи декабри соли гузашта ин ширкат бо CNODC-яке аз ширкатҳои муҳими чинӣ дар бораи истихроҷи нафту газ қарордоде имзо кард. Дэвид Робсон-раиси иҷроии Tethys дар конфронс гуфт, онҳо интизоранд, ки дар ояндаи наздик ба таври муштарак истихроҷи нафту газро оғоз кунанд.

Тоҷикистон умед дорад, ки мустақилияти энержӣ ба даст меорад ва ҳатто ба содиркунандаи энержӣ табдил меёбад. Оқои Раҳмон дар Бруссел гуфт, бо вуҷуди захираҳои бузурги энержӣ, ҳоло Тоҷикистон наметавонад неруи кофӣ тавлид кунад ва эҳтиёҷоти худро бароварда созад. Дар фасли зимистон ба аҳолӣ танҳо 6-7 соат дар шабонарӯз барқ дода мешавад.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, неругоҳи Роғун муҳимтарин тарҳи энержии ин кишвар ба шумор меравад, вале сохтмони он ба сабаби идомаи расидагиҳои фаннии Бонки Ҷаҳонӣ боздошта шудааст.

Узбакистон, ки пойбанди оби рӯдхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон аст ва киштзорҳои худро аз ин рӯдхонаҳо обёрӣ мекунад, мегӯяд, ки сохтмони обанбори Роғун метавонад муноқишаҳои мусаллаҳонаро дар минтақа таҳрик кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG