Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи 8 Куриёи Шимолиро башиддат маҳкум кард


Вазирони умури хориҷии ҳашт кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон Куриёи Шимолиро барои фаъолиятҳои ҳастаиаш қотеъона маҳкум карданд. Дар баёнияе, ки дар нишасти вазирони Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҷопон, Русия ва Амрико дар Лондон нашр шуд, онҳо аз ҳукумати Пхенян хостанд, “аз ҳар гуна амалкарди иғвобарангез” худдорӣ кунад ва гуфтанд, ки дар сурати партоби мушак таҳримот алайҳи Куриёи Шимолиро бештар хоҳанд кард. Маъмурони амниятии Куриёи Ҷанубӣ мегӯянд, мумкин аст, Куриёи Шимолӣ ду мушакеро барои партоби ногаҳонӣ омода карда бошад. Вазирони кишварҳои узви Гурӯҳи 8 ҳамчунин аз вазъи Сурия ибрози нигаронии амиқ карда ва аз тамоми тарафҳои даргир хостаанд, ки ба ҳуқуқи мардум эҳтиром бигузоранд. Аз замони оғози қиёмҳои мардумӣ алайҳи Башшор Асад раиси ҷумҳури Сурия дар ду соли пеш то кунун дар ин кишвар 60 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG