Пайвандҳои дастрасӣ

Озарбойҷон иддаои вакилони эрониро беаҳамият хонд


Элмар Мамадёров, вазири умури хориҷии Озарбойҷон, мегӯяд, даъвати ахири теъдоде аз вакилони эронӣ барои пайвастани он кишвар ба хоки Эронро набояд ҷиддӣ гирифт. Элмар Мамадёров, рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт: “Ба эътиқоди ман, ҳукумати Эрон ҳеҷ гоҳ чунин идеяҳои бемаъниро, ки натиҷае намедиҳанд, дастгирӣ нахоҳад кард." Чанде пештар аз ин расонаҳои Эрон гузориш доданд, ки гурӯҳе аз вакилони мардумӣ бо таҳияи тарҳи санаде аз ҳукумат хоҳанд хост, ки Аҳдномаи Туркманчойро бознигарӣ кунад. Бар асоси ин аҳднома аз соли 1838 Императории Русия баъди пирӯзӣ дар ҷанг бо форсҳо, қаламравҳои ҳозираи Арманистону Озарбойҷон аз худ кард.
XS
SM
MD
LG