Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи Сергей Магнитский шурӯъ мешавад


Қарор аст, дар додгоҳи ноҳияи Тверскойи шаҳри Маскав муҳокимаи пас аз марги Сергей Магнитский як вакили дифоъ шурӯъ шавад, ки аз фасод дар миёни мақомоти расмии Русияро ошкор карда буд. Вилям Броудер, раиси собиқи ӯро дар ғайбаш бо иттиҳоми сарпечӣ аз пардохти молиёт муттаҳам мекунанд. Сергей Магнитский, ки дар ширкати Броудер Ҳермитаҷ Капитал кор мекард, соли 2008 ва баъди он боздошт шуд, ки мақомоти расмии Русияро ба дуздии 230 миллион доллар муттаҳам кард. Ӯ баъди як соли нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ даргузашт. Муҳокимаи ӯро, ки бояд моҳи март шурӯъ мешуд, борҳо ба таъхир андохтанд. Наздикони Магнитский муҳокимаро таҳрим кардаанд ва мегӯянд, ки ӯ бар асари беэътиноӣ дар муолиҷа ва табъиз ҳалок шудааст.
XS
SM
MD
LG