Пайвандҳои дастрасӣ

Фақат ба хотири намози ҷумъа рӯзи истироҳатро тағйир додан то куҷо муҳим ва равост?

Як пешниҳоди вакили мардумии қирғиз барои тағйири рӯзи истироҳат маҳофили кишварро пушти ду сангар қарор дод. Сиёсатмадор Турсунбой Боқир уулу ахиран хостори он шуд, ки ба хотири арҷгузорӣ ба расму ойинҳои мардуми мусалмони кишвар аз ин баъд на якшанбе, балки ҷумъа рӯзи истироҳат эълон шавад. Дар пешниҳоди расмӣ ба Жогорку Кенеш ӯ ташреҳ кардааст, ки рӯзи ҷумъа мусалмонҳо бояд фориғ аз кор бошанд, то тавонанд, ки дам бигиранд ва оромона намоз гузоранд. Турсунбой Боқир уулу афзудааст, намози ҷумъа одатан зӯҳр баргузор мешавад ва барои адои он бештари кормандони муассисаву идораҳо маҷбуранд, ки ҷойи корро тарк карда ба масҷид раванд. Ӯ кишварҳои исломӣ, аз ҷумла, Арабистони саудӣ, Эрон ва Афғонистонро намуна овардааст, ки чун қарнҳо пеш мардум рӯзи ҷумъа истироҳат мекунанд ва ҳамроҳ намоз мегузоранд. Тағйири рӯзи истироҳат, аз нигоҳи Турсунбой Боқир уулу, мухолиф ба қавонини кишвар нест ва аз манфиатҳои мусалмонҳои Қирғизистон дифоъ хоҳад кард.

Дар ҳоле, ки рӯҳониёни маъруф ва иддае аз сиёсатмадорони қирғиз бо ин пешниҳод розиянд, гурӯҳе ба он шадидан мухолифат кардаанд ва иддао доранд, ки тағйири рӯзи истироҳат на фақат низоми феълии корро баҳам мезанад, балки боиси мушкилоту печидагиҳои зиёд, аз ҷумла, дар равобит ба кишварҳои дуру наздик хоҳад шуд. Қарор аст нуқтаи тамматро дар ин баҳс парлумони Қирғизистон гузорад.

НАМОЗИ ҶУМЪА – НАМОЗИ СИЁСИСТ!

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби Наҳзати исломи Тоҷикистон, бо ин пешниҳоди сиёсатмадори қирғиз ошност, аммо медонад, ки парлумони Тоҷикистон ин гуна пешниҳодҳо ҳатто баррасӣ нахоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ «дар ҳоле, ки сиёсати ҳукумат на барои дифоъ аз ҳуқуқҳову озодиҳои диндорон, балки ба хотири эҷоди маҳдудияти бештар пиёда мешавад, дар ҳоле, ки ба намоз рафтани кормандон имкон надоранд ва дар ҷойи кор намоз хондан ҳам маҳдуд аст, дар парлумон ба миён гузоштани ин масъала сарфи беҳудаи вақт ва нерӯст».

Аз нигоҳи рӯҳонии шинохтаи тоҷик Муҳаммадшариф Набизода, тағйири рӯзи истироҳат аз якшанбе ба ҷумъа амри хайре мебуд ва воқеъан ҳам мушкили мусалмонҳоро дар адои яке аз фаризаҳои илоҳӣ хело осон мекард, зеро аксари
Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

онҳое, ки дар муассисаҳои давлатӣ кор мекунанд, аз имкони ширкат дар намози ҷумъа маҳруманд. Домулло Набизода меафзояд, ки намози ҷумъа ибодати дастаҷамъона аст ва дар Қуръон дар сураи «Ҷумъа» Худованд ба бандагонаш амр кардааст, ки ин намозро ҳамроҳ адо кунанд. Ба гуфтаи ӯ, як ҳадафи намози ҷумъа чун намози панҷвақта – огаҳ шудан аз ҳолу аҳволи ҳамдигар аст. Аммо намози ҷумъа, меафзояд Муҳаммадшариф Набизода, ҳамчунин «намози сиёсист, ки дар он мушкилоти як минтақа ё ҳатто як кишвар матраҳ мешавад, аз ин рӯ хутбаҳо бояд дарди ҷомеъа, мушкилоти ҳамон ҳафта ё ҳамон моҳ бошанд». Ӯ бо таассуф меафзояд, ки «имрӯз дар хутбаҳои намозҳои ҷумъа намунаҳо аз хутбаҳое, ки қарнҳо пеш дар китобҳо навишта шудаанд, хонда мешаванд ва дар онҳо аз мушкилоти ҷомеъа ҳарфе нест. Вақте дар хутбаи намози ҷумъа мушкили ҷомеъа матраҳ мешавад, вазирону мансабдорони ҳузурдошта муваззафанд, ки барои ҳалли онҳо камар банданд».

ДАР МОВАРОИ ШАРҚУ ҒАРБ?

Муаррихи тоҷик Раҳматулло Абдуллоев мегӯяд, ки мардуми Осиёи Марказӣ, Эрон ва Осиёи Хурд қарнҳо пеш аз тақвими зардуштӣ ё тақвими хуршедӣ истифода мебурданд. Ин тақвим аз 12 моҳи сирӯза иборат буд ва ҳар моҳ номи нафаре аз афроди маъруфи дини зардуштро дошт. Аммо дар ин тақвим моҳҳо ба ҳафтаҳо тақсим нашуда буданд. Баъдан мардуми Осиёи Марказӣ ба тақвими ҳиҷрӣ-қамарӣ гузаштанд, ки то ҳол дар Эрону Афғонистон истифода мешавад. Фарқ дар он аст, ки дар Эрон моҳҳои форсӣ боқӣ мондаанд ва дар Афғонистон моҳҳои арабӣ. Тақвими ҳиҷрӣ-қамарӣ, ки онро «тақвими мусалмонӣ» ҳам меноманд, бо ширкати Умари Хайём таҳия ва чанд бор ислоҳу дақиқ шудааст. Солшуморӣ ё солнамои ҳиҷрӣ аз ҳиҷрати Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммади Мустафо аз Макка ба Мадина дар соли 622 шурӯъ мешавад. Сол дар ин тақвим аз Наврӯз шурӯъ мешавад ва рӯзи ҷумъаи ҳафта - рӯзи истироҳат аст.

Раҳматулло Абдуллоев меафзояд, ки тақвими феълии григорианӣ дар бахши
Раҳматулло Абдуллоев

Раҳматулло Абдуллоев

аъзами Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар шимоли қаламрави феълии Тоҷикистон, баъд аз забти минтақа аз сӯи Русия дар солҳои 60-уми қарни 19 ҷорӣ шуд. Дар мавзеъҳои кӯҳистонии Бухорои шарқӣ бошад, фақат баъд аз пирӯзии болшевикҳо ин тақвим ҷойгузини тақвими ҳиҷрӣ-шамсӣ гардид ва мардум маҷбур шуданд, ки худро ба он мутобиқ созанд.

Ба гуфтаи муаррихи тоҷик, дар маҳофили Тоҷикистон ҳам пешниҳодҳое барои бозгашт ба тақвими бостонии мардум ироа мешавад. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол Тоҷикистон дар «дуроҳа» миёни Шарқу Ғарб қарор дорад ва ба назар мерасад, ки дар мавриди кадом тараф рӯ ниҳодан ба натиҷае нарасидааст. Раҳматулло Абдуллоев мегӯяд, «дар сиёсати фарҳангии мо таззоде вуҷуд дорад, аз як сӯ, расман эълон мекунем, ки ҳадафамон – эҳёи фарҳангҳо ва арзишҳои миллист, аммо аз сӯи дигар мехоҳем арзишҳои замони шӯравӣ ё аврупоиро дар фарҳангамон ҳифз кунем, яъне мо бо ду пой дар ду мавқеъ қарор дорем».

«БОШГЮН»-И «БАЙДАК» КУҶО БУДЕД?

...Аввалин даъватҳо барои «бозгашт ба асли хеш» дар Осиёи Марказӣ баъд аз суқути шӯравӣ садо доданд. Худойбердӣ Холиқназаров, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, аҳзоби ҷунбишҳое, ки он солҳо аз ҷумла дар Тоҷикистон арзи вуҷуд карданд, хостори бозгашт ва номҳои пешини моҳҳо ва рӯзҳои истироҳати ниёгон шуданд. Ва аммо фақат Туркманистон барои табдили номи моҳҳову рӯзҳои сол иқдом кард. Соли 2002 раисиҷумҳури вақти Туркманистон Сафармурод Ниёзов тақвими навро ҷорӣ намуд, ки дар он, аз ҷумла, моҳи январ ба «Туркманбошӣ», феврал ба «байдак», март ба «Наврӯз» иваз карда шуда буд. Сафармурод Ниёзов моҳи апрелро ба ёди модараш - «Қурбонсултон-еҷе», майро ба номи шоири маъруфи туркман -«Махтумқулӣ» ва сентбярро ба номи китоби машҳураш «Рӯҳнома» номида буд. Тақрибан шаш сол мардуми Туркманистон талош намуданд, ки ба номҳои нави рӯзҳои ҳафта – бошгюн, ёшгюн, хушгюн, соғапгюн, аннагюн, рӯҳгюн ва динчгюн одат кунанд. Худойбердӣ Худойназаров мегӯяд, он солҳо бештари туркманҳо номҳои нави моҳу рӯзҳои ҳафтаро фаромӯш карда, номҳои қадимии онҳоро истифода мебурданд ва шояд бо ҳамин далел соли 2008 бо амри раҳбари нави кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тақвими «ниёзовӣ» аз байн бурда ва тақвими қаблӣ эҳё карда шуд.

БОЗГАШТ БА АСЛИ ИСЛОМӢ ОЁ БОЗГАШТ БА АСЛИ ХУД МЕШАВАД?

Бозгашт ба тақвими ниёгон ваё ба ҷойи якшанбе рӯзи истироҳат эълон кардани ҷумъа то куҷо ба дарди имрӯзи ҷомеъаи Тоҷикистон мехӯрад?

Худойбердӣ Холиқназаров мегӯяд, ки барои на фақат Тоҷикистон, балки барои ҳама кишварҳои минтақа бозгашт ба асли худ ҳанӯз зуд аст, зеро зеҳни ҷомеъа ба ин омода нест. Аз сӯи дигар, мардум тайи 90 соли ахир ба ин тақвим одат карданд ва онро пазируфтаанд. Аз нигоҳи сиёсатшиноси тоҷик, айни ҳол мардум дар адои намози ҷумъа ҳам мушкиле надоранд, зеро намоз таври маъмул зӯҳр баргузор мешавад ва мардум метавонанд ҳам намоз гузоранд ва ҳам таом хӯрда сари кор баргарданд.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, яқин аст, ки ҳукумат дар бораи тағйири рӯзи истироҳат ҳарфе шунидан намехоҳад, аммо «агар мантиқан кор мекардем, беҳтар мебуд агар фақат рӯзи ҷумъа соати истироҳат, ки аз дувоздаҳ то як аст, боз як соати дигар, яъне то соати дуи баъд аз зӯҳр тамдид шавад. Он вақт ҳама мардуми хоҳишманд метавонанд ҳам дар намози ҷумъа ширкат кунанд ва ҳам ором наҳор хӯранд". Аммо сиёсатмадори тоҷик ба қабул шудани «ҳатто ҳамин пешниҳоди оддӣ ва сабук» дар парлумон ва ҳукумат шак дорад.

Аз нигоҳи Раҳматулло Абдуллоев, ҷорӣ кардани тақвими григорианӣ – як талоши аврупоӣ кардани Осиёи Марказӣ буд, ки муваффақ нашуд, зеро мафкураи мардуми минтақа шарқӣ боқӣ монд. Ба гуфтаи ӯ, бозгашт ба тақвими бостонӣ на фақат барои иҷрои фаризаҳои илоҳӣ, балки барои рушди тиҷорат ҳам хело муҳим аст. «Мо бо Афғонистон, Эрон бо ҳамсояҳоямон дар Осиёи ҷанубӣ рафтуомад дорем, тиҷорату доду гирифт миёни мову онҳо ҳарчӣ бештар мешавад. Аммо ҳангоми сафарҳои хориҷӣ мушкил пайдо мешавад, ки сабабаш номувофиқ омадани тақвимҳост. Ман фикр мекунам, ки бештар бо дунёи Шарқ наздик ҳастем. Аслан дунёи Ғарб моро қабул кардан ҳам намехоҳад, ҳарчанд барои ин агар талош ҳам кунем», мегӯяд муаррихи тоҷик.

Вале Худойбердӣ Холиқназаров бо ин ақида мувофиқ нест ва мегӯяд, ки тайи ҳафтод-ҳаштод соли ахир кишварҳои мусалмоннишини шӯравии собиқ бо фарҳанги ғарбӣ наздик шуданд ва аз тамаддуни Ғарб сабақҳое омӯхтанд. Вале кишварҳое аз қабили Афғонистон, ки бо ин тамаддун наздик нашуданд, дар ҳамон сатҳи нимфеодалӣ боқӣ монданд. Ӯ меафзояд, «меҳмонҳои хориҷие, ки бо онҳо сӯҳбат мекунем, ба ваҷд омада мегӯянд, ки шумо дар ҳафтод соли ахир ба пешравиҳои нодир муваффақ шудед, дину ойини худро ҳифз кардед ва ҳамзамон бо тамаддуни ғарбӣ ошноии бештар пайдо кардед, «чандзабона» шудед ва ба ин васила бо ҳама олам дар робита шудед. Мо чаро бояд инро аз даст диҳем?»

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки аз пешниҳоди табдили рӯзи истироҳат, яъне ба ҷойи якшанбе рӯзи ҷумъа дам гирифтан, аз сӯи мардум қисман ҷонибдорӣ хоҳад кард, «аммо як мавзӯъро бояд дар ёд дошт, ки агар дар Қирғизистон ё Туркманистону Қазоқистон ҳаракатҳое ба сӯи озодиҳои бештари динӣ ё наздикшавӣ ба арзишҳои исломӣ сурат бигиранд, ҳам мардум, ҳам мақомот ва шояд ҷомеъаи байнулмилалӣ онро чун бозгашт ба асли хеш, ба асли давлатдории миллӣ арзёбӣ мекунанд, ҳамин амалҳо дар Тоҷикистон аз сӯи ифротгароҳои дунявӣ багашт ба қафо ё талоше барои бунёди давлати исломӣ маънидод хоҳад шуд». Ӯ бо таассуф меафзояд, ки то ҳол ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон бозгашт ба асли исломӣ чун бозгашт ба асли худ арзёбӣ нашудааст ва «онро ҳамеша баръакс нишонаҳои исломгароӣ, боло рафтани ҷойгоҳи дин ва хатар мехонанд».

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG