Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров мегӯяд, Русия омодаи ҳамкорӣ бо Тифлис аст


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, кишвараш аз амалгароии Бидзина Иванишвилӣ, нахуствазири Гурҷистон, истиқбол мекунад ва омодаи тавсиаи ҳамкорӣ бо Тифлис аст. Аммо гуфт,ӯ Русия қарораш дар бораи эътирофи расмии Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро бознигарӣ нахоҳад кард. Русия баъди ҷанги кӯтоҳе дар моҳи августи соли 2008 бо Гурҷистон, ин ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро ба расмият шинохт. Сергей Лавров дар ин бора дар мусоҳибае бо телевизиони давлатии инглисизабони Русия сухан гуфт, ки имрӯз нашр шуд. Ӯ ҳамчунин санади конгресси Амрико дар бораи танбеҳи баъзе аз мақомоти русиро, ки гӯё дар марги Сергей Магнитский як вакили ифшогари фасод дар ҳукумати Русия даст доштаанд, нишондиҳандаи «бадбинии суннатии Русия» дар Конгресси Амрико хонд, ки ба гуфтаи ӯ аз қадим вуҷуд доштааст.
XS
SM
MD
LG