Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ширкати русӣ вориди бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон шуданд


Ду ширкати ҳавопаймоии ҷадид вориди бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон шуданд. Ду ширкати россиягии ҳавопаймоии «ИрАэро» ва «Ямал» парвозҳои доимиро аз шаҳри Омск ва Тюмен ба Душанбе оғоз намуданд. Маҳмадюсуф Шодиев, раиси Дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 11-уми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ширкати «ИрАэро» дар хатсайри Омск-Душанбе-Омск парвозҳоро анҷом медиҳад. Ширкати «Ямал» якшанбеҳои ҳар ҳафта парвозҳоро дар хатсайри Тюмен-Душанбе-Тюмен анҷом хоҳад дод. Ширкати «Ир Аэро» рӯзи 10-уми апрел нахустин парвозро рӯи хатсайри «Омск-Душанбе-Омск» анҷом дод. Хатсайри мазкур дар Тоҷикистон талабгори зиёд дорад, зеро Омск яке аз шаҳрҳои бузурги Русия ба ҳисоб меравад, ки дар онҷо муҳоҷирини кори Тоҷикистон бештар ба фаъолияти корӣ машғул ҳастанд. Мутахассисони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, ки ҳар чӣ бештар ширкатҳои ҳавопаймоӣ вориди бозори Тоҷикистон шавад, ин пеш аз ҳама ба нархи билетҳои парвозҳо таъсир хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG