Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA 40 зина боло шуд


Emblem of International federation on football - FIFA
Emblem of International federation on football - FIFA

Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки имрӯз, 11-уми апрел нашр шуд, бо 312 имтиёз якбора 40 зина боло баромад ва дар мақоми 112-ум ҷой гирифт.

Ин натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар феҳристи FIFA мебошад. Тоҷикистон миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ аз Озарбойҷон, Туркманистон, Молдова, Қирғизистон ва Қазоқистон пеш аст.

Мавқеи дастаҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар феҳристи FIFA: Русия (11), Украина (37), Узбакистон (66), Беларус (69), Арманистон (90), Гурҷистон (91), Эстония (93), Латвия (110), Литва (111), Тоҷикистон (112), Озарбойҷон (120), Туркманистон (131), Молдова (138), Қирғизистон (142), Қазоқистон (144).

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Аргентина дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Хорватия, Португалия, Колумбия, Инглистон, Италия, Ҳолланд ва Эквадор ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷойи 13-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (29), Кореяи Ҷанубӣ (42), Австралия (46), Эрон (56), Узбакистон (66), Урдун (76), Амороти Муттаҳидаи Араб (89), Ироқ (96), Чин (98), Қатар (102).

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA аз ин пеш ҷойи 114-ум дар моҳи июли соли 1997 буд. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ҷорӣ шудааст. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар чаҳор соли охир дода мешавад.

Ёдовар мешавем, тими миллии футболи Тоҷикистон моҳи марти соли равон таҳти раҳбарии сармураббӣ Никола Кавазович, мутахассиси сербиягӣ, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат кард.

Бозиҳои ин гурӯҳ дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек баргузор шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали гурӯҳи “В” 17-уми март бар мунтахаби Покистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голро Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 89-ум ба ҳадаф расонд.

Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон рӯзи 19-уми март бар мунтахаби Макао бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд. Ҳарсе гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Ду голро Ҷамшед Исмоилов (дар дақиқаҳои 56-ум ва 90+2) ва як голро Ҷаҳонгир Эргашев (дар дақиқаи 82-юм) ба ҳадаф расонданд. Вале дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии охиринаш аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум гашт.

Рейтинги минбаъдаи FIFA 9-уми майи соли 2013-ум нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG