Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз маҳвкунандагони Бен Лодан шояд шаҳодат диҳад


Як додраси низомии Амрико ҳукм кардааст, ки мумкин аст, як узви нерӯҳои махсусеро, ки дар маҳви Усома Бен Лодан дар Покистон ҳузур дошт, барои шаҳодат дар муҳокимаи Бредлӣ Маннинг сарбози муттаҳам ба ишфои санадҳои махфии Амрико ба Викиликс даъват кунанд. Муфаттишон мегӯянд, аз санадҳои кашфшуда аз манзили Бен Лодан, далел пайдо кардаанд, ки ӯ аз яке аз шариконаш хостааст, баъзе аз санадҳои нашршуда дар Викиликсро ба Бен Ладен бифристад. Бредлӣ Маннингро ба “кӯмак ба душман” муттаҳам мешавад ва дар сурати собит шудани ин иттиҳом, яъне кӯмаки ғайримустақим ба Усома Бен Лодан ӯро метавонанд, ба ҳабси якумрӣ маҳкум кунанд. Бредлӣ Маннинг эътироф кардааст, ки асрори маҳрамона аз ҷумла гузоришҳои тасвири майдони ҷанг ва мукотибаҳои дипломатро ба Викиликс додааст, аммо иттиҳоми кӯмак ба душманро беасос медонад. Қарор аст, муҳокимаи ӯ моҳи июн дар наздикии шаҳри Вашингтон шурӯъ шавад.
XS
SM
MD
LG