Пайвандҳои дастрасӣ

"Аҷал аз осмон" гузориши тозае дар бораи Сурия


Як созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, нерӯҳои ҳавоии Сурия бо ҳамлаҳои ҳавоии “яксара” ва баъзан ҳадафмандона, ҳазорон мардуми ғайринизомиро куштаанд. Ҳюман Райтс Вотч бо нашри гузориши тозае гуфт, ин гуна ҳамлаҳо, нақзи ҷиддии қонунҳои байналмилалии башарӣ ва эҳтимолан ҷинояти ҷангӣ ҳам ҳаст. Дар гузориши Ҳюман Райтс Вотч, бо номи “Аҷал аз осмон”, омадааст, дар ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои давлатии Сурия, нонвойҳо ва шифохонаҳо ҳам хароб шудаанд. Созмон аз қавли фаъолони мухолифон дар Сурия навиштааст, ки “дар ҳамлаҳои ҳавоӣ аз моҳи июли соли 2012 ба ин сӯ бештар аз 4300 нафар” кушта шудаанд. Ҳюман Райтс Вочт, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, мегӯяд, кормандонаш дар манотиқи таҳти тассаруфи шӯришиён дар шаҳрҳои Ҳалаб, Идлиб ва Лозиқияи Сурия 50 маҳалли осебдида аз ҳамлаҳои ҳавоиро таҳқиқ карда ва бо 140 нафар шоҳид ва ҷабрдидагон мулоқот кардаанд.
XS
SM
MD
LG