Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико дигарбора ба Куриёи Шимолӣ ҳушдор дод


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Куриёи Шимолӣ ҳушдор дод, ки ба “хати хатарнок” наздик шудааст ва Амрико омода аст, ба ҳар гуна иғво посух бидиҳад. Ин ҳушдори Чак Ҳагел, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида рӯзи чаҳоршанбе ва баъди он садо дод, ки Амрикову Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон бо дар назардошти омодагии Куриёи Шимолӣ ба партоби мушак, сатҳи омодагиашон ба ҳаргуна бӯҳрони эҳтимолиро боло бурданд. Ва дар ҷойи дигар дар Маскав, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш бо Амрико дар масъалаи Куриёи Шимолӣ “ҳеҷ ихтилофи назар” надоранд. Маъмурони амниятии Куриёи Ҷанубӣ мегӯянд, мумкин аст, ки Куриёи Ҷанубӣ ду мушаки миёнабурдро барои партоб аз соҳилҳои шарқии ин кишвар омода кардааст. Баъди тақвияти таҳримоти Созмони Милал алайҳи Куриёи Шимолӣ, ки моҳи феврал бори саввум озмоиши ҳастаӣ анҷом дод, Пхенян чандин дафъа ба Куриёи Ҷанубӣ ва Амрико таҳдид кард.
XS
SM
MD
LG