Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейди Вазорати корҳои дохилӣ барои Сабинаву Малика


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои пайдо намудани Сабина ва Малика, амалиёти тафтиши шиносномаҳоро дар пойтахт оғоз кардааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11-уми апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки маъмурони пулис сар аз 8-уми апрел, рейди тафтиши паспортҳоро ҳамчун як чораи дигари ҷустҷӯи духтарчаҳои гумшуда, оғоз кардаанд.

Мувофиқи ин рейд, кормандони Шӯъбаҳои корҳои дохилӣ дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт ва маҳаллаҳои шаҳр ба манзилҳои зист мераванд ва шумораи истиқоматкунандагони манзилҳоро мушаххас намуда, ҳатто иззи ангуштҳо низ гирифта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки аз бедарак шудани Саъбинаву Малика беш аз ду ҳафта гузаштааст, вале ҳеҷ нишонае ва ё фарзияи кӯчактарин дар мавриди чӣ гуна нопадид шудани онҳо, ҷой надорад. Волидони Сабинаву Малика низ мегӯянд, ки ҳол ягон нишонаи умедворкунанда дар роҳи ёфтани ҷигарбандонашон ошкор нашудааст.

Маликаву Сабина Араловаҳо, сокинони хиёбони Айнии пойтахти Тоҷикистон, рӯзи 25 март аз назди манзили худ ғайб заданд ва то ҳанӯз касе гуфта наметавонад, ки онҳо дар куҷоянд.

Ин рейд дар ҳоле, аз сар гирифта мешавад, ки шуморе аз сокинон аз тафтишоти маъмурони пулис дар манзилҳои зист изҳори ташвиш карданд, зеро мақомоти умури дохили бидуни огаҳии қаблӣ аз тариқи расонаҳо, ин амалиётро роҳандозӣ карданд.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ:

Дар ҷустуҷӯи Малика ва Сабина
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
XS
SM
MD
LG