Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурбинҳои амниятӣ нони пулиси роҳро нима мекунанд


Ширкати чинии «Ҳуавей технолоҷӣ» ният дорад, беш аз 850 адад камера ё дурбинҳои назоратиро дар шаҳри Душанбе насб кунад.

Ин иқдом дар чорчӯби созишномаи ҳамкорӣ миёни давлати Тоҷикистон ва ширкати «Ҳуавей технолоҷӣ» -и Чин маврид иҷро гузошта мешавад. Ин созишнома рӯзи чоршанбеи 10--уми апрел аз сӯи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Абдулло Навҷувонов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни муаррифии ин санад гуфт, ки ин созишнома таҳвили таҷҳизот барои иҷрои лоиҳаи системаи автоматикунонидаи идораи нақлиёт мавсум ба «Шаҳри бехатар» -ро дар назар дорад.

Ба ин тартиб, дар чорчӯби лоиҳаи «Шаҳри бехатар», ширкати чинии «Ҳуавей технолоҷӣ» 855 адад камера ё дурбинҳои назоратиро ба Душанбе ворид мекунад ва онҳоро дар роҳҳои пойтахт насб хоҳад кард. Ҳадафи аслии иҷрои ин лоиҳа, таъмини амнияти сокинон ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тавассути ронадагон унвон шудааст. Ҳазинаи тарҳ маблағи 22 миллион доллар буда ва аз ҳисоби қарзи давлатӣ амалӣ мешавад.

Иқдоми амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехтар» дар ҳолест, ки нигаронӣ аз вуқӯи садамаҳои нақлиётӣ дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистон бештар шудааст.

Гузориши расмӣ низ ҳокист, ки садамаҳои нақлиё тӣ дар ҳоли афзоиш аст ва танҳо дар думоҳи аввали соли ҷорӣ то кунун дар қаламрави Тоҷикистон 234 садама рӯй додааст, ки дар натиҷа 72 нафар кушта шуда, 250 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Камераҳои назоратӣ амният дар роҳҳоро таъмин мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00
XS
SM
MD
LG