Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши деҳлавишиносон дар Душанбе


Имрӯз, панҷшанбеи 11-уми апрел дар пойтахти Тоҷикистон конфронси байналмиллалӣ таҳти унвони «Саҳми Амир Хусрави Деҳлавӣ дар фарҳанги Осиёи Марказӣ» ба муносибати 760-солагии шоир ва мутафаккири бузурги форс Амир Хусрави Деҳлавӣ баргузор мешавад. Шодимуҳаммад Сӯфиев-мудири шуъбаи Эрон ва Афғонистони Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯзи 11 апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки ҳамоиши мазкур бо ибтикори Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи байналмилалии тадқиқотии Осиёи Марказии ЮНЕСКО созмон дода шудааст. Дар он донишмандону муҳаққиқони шинохта, деҳлавишинсон аз Олмон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Озарбойҷон ва соири кишварҳои дигар ширкат хоҳанд кард. Амир Хусрави Деҳлавӣ дар асрҳои 12 ва 13 дар Ҳиндустон ба сар бурда, бо осори форсии худ ҳавзаи адабиёти форсизабонро дар Ҳинд тақвият бахшида ва ба ашъори шоирони Оиёи Марказӣ таъсири ҷиддӣ гузоштааст. Ашъори Хусави Деҳлавӣ ва Мирзо Абдулқодири Бедил, дигар аз шоирони қораи Ҳиндустон, дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд доранд.
XS
SM
MD
LG