Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломи омодагии Амрико барои кӯмак ба зилзилазадагони Эрон


Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 10-уми апрел зимни ҳамдардӣ бо зилзилазадагони вилояти Бушаҳри Эрон, аз омодагии ин кишвар барои кӯмак ба осебдидагони ин минтақа хабар додааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед, бо пахши як баёния, ҳамдардии амиқи мардуми Амрико ба мардуми Эронро дар робита ба заминларзаи ахир дар вилояти Бушаҳр эълом кард.

Дар ин баёния омадааст «Мо амиқан аз талафот ва хисороти ин фоҷиа мутаассирем ва барои кӯмак ба мардуми Эрон дар ин лаҳзаи душвор эъломи омодагӣ мекунем.»

Рӯзи сешанбе зилзилаи шадиде шаҳри Даштӣ воқеъ дар вилояти Бушаҳрро ларзонд. Бар пояи охирин гузоришҳо, ин заминларза дастикам 37 кушта ва наздик ба ҳазор нафар захмӣ ба ҷой гузоштааст.

Пештар, чанд лаҳза баъд аз вуқуиин зилзила, раҳбари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон аз омодагии Туркия ва Ҷопон барои кӯмак ба зилзилазадагони ва радди ин дархост аз сӯи Эрон хабар дода буд.

Рӯзи чаҳоршанбе Алиризо Тобиш, раиси Бунёди маскани Эрон дар як нишаст эълон кард, ки се ҳазор хона дар асари ин зилзила ба таври комил вайрон шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG