Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: Бӯҳрон дар нимҷазираи Корея рафъ хоҳад шуд


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, аз амиқрафти бӯҳрон дар нимҷазираи Корея изҳори нигаронӣ кард. Ӯ рӯзи чаҳоршанбе баъд аз музокирот бо ҳамтои амрикоияш Ҷон Керрӣ дар Лондон изҳор намуд, ки Маскаву Вошингтон дар мавриди қазияи Кореяи Шимолӣ ихтилофи назар надоранд. Ӯ изҳори итминон кард, ки бӯҳрон дар нимҷазираи Корея рафъ мешавад ва афзуд, "касеро бо тамринҳои низомӣ тарсонидан зарур нест".

Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ қабл аз мулоқоти вазирони умури хориҷии ҳашт кишвари пешрафтаи олам ё G8 дидору гуфтугӯ доштанд.

Аз ин пеш Кореяи Ҷанубӣ артиши худро дар сатҳои болотарини “омодабош” қарор дод. Ин тасмимро Сеул бо имкони озмоиши нави мушакӣ аз сӯи Кореяи Шимолӣ марбут кард. Бар пояи иттилои манбаъҳо дар Сеул ва Вошингтон, Кореяи Шимолӣ мехоҳад мушаки қаблан озмошношудаеро, ки доираи парвозаш то 3 ҳазор километр аст, биозмояд.
XS
SM
MD
LG