Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Влад Филат боз нахуствазири Молдавия таъин шуд


Влад Филат
Влад Филат
Раисиҷумҳури Молдавия Николае Тимофти бори дигар Влад Филатро раиси ҳукумат таъин кард. Ӯ тасмими худро рӯзи чаҳоршанбе баъд аз машварат бо раҳбарони фраксияҳои парлумон эълон намуд.

Ҳукумати ғарбгарои Филат рӯзи 8 март баъд аз изҳори беэътимодӣ аз сӯи парлумон ба истеъфо рафт. Раъйдиҳӣ дар парлумони Молдавия бо ибтикори коммунистҳо сурат гирифт, ки ҳукуматро дар фасод айбдор карданд.

Агар тайи 45 рӯз, баъд аз се талош ҳукумат таъсис нашавад, раисиҷумҳур ҳақ дорад, ки парлумонро пароканда ва интихоботи навбатии парлумониро таъин кунад.
XS
SM
MD
LG