Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қазоқистон тундгарои исломӣ 5 сол маҳкум ба зиндон шуд


Додгоҳи шаҳри Қарағандаи Қазоқистон Диас Кугушев-марди 27 соларо барои таҳрики ҷиҳоди мусаллаҳона 5 сол маҳкум ба зиндон кард.

Вай моҳи ноябри соли гузашта боздошт шуд. Он вақт пулис гуфт, ки дар манзили Диас як силоҳи ғайриқонунӣ, муҳимот ва адабиёти тундгароёна пайдо кардааст.

Рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин дар шаҳри Атурау мурофиаи додгоҳии 16 марди аз 18 то 47 сола баргузор шуд. Онҳо барои тундгароӣ ва терроризм муттаҳам мешаванд.

Тирамоҳи соли гузашта пулис дар ду амалиёти ҷудогонаи худ дар шаҳри Атурау 9 нафар афроди гумонбар ба тундгароёни исломиро ба қатл расонд.
XS
SM
MD
LG