Пайвандҳои дастрасӣ

17 соли зиндон барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев


Додгоҳи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Ҳасан Додобоев-сокини 28 солаи шаҳри Истаравшанро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев-сарҳанги шӯришӣ 17 сол маҳкум ба зиндон кард.

Расидагӣ ба парвандаи вай ошкор кардааст, ки Додобоев аз соли 2002 ба ин сӯ бо гурӯҳи Худойбердиев ҳамкорӣ мекардааст. Вай то соли 2005 дар қисматҳои мухталифи қаламрави Узбакистон дар машқу тамринҳои гурӯҳи мазкур ширкат доштааст.

Мурофиаи додгоҳии ин сокини Истаравшан дар зиндони шумораи 2 ё СИЗОИ рақами 2-и шаҳри Хуҷанд баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG