Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Худкушии занон дар вилояти Хатлон аз хушунати хонаводаӣ


Як сокини ноҳияи Восеъ барои хушунати хонаводаӣ бар зидди ҳамсараш 5 сол маҳкум ба зиндон шудааст. Ин зан ба хушунат то б наовардааст ва худкушӣ кардааст.

Додситонӣ мегӯяд, дар як соли охир 33 нафар сокини вилояти Хатлон танҳо дар натиҷаи ҷанҷоли ночизи хонаводаӣ даст ба худкушӣ задаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, 14 нафари дигар дар натиҷаи муомилаи бераҳмона ва шиканҷа аз ҷониби дигар ва 17 нафар аз душвориҳои муқаррарии рӯзгор даст ба хушкушӣ задаанд.
Бар зидди ононе, ки одамонро ба худкушӣ расонидаанд, 13 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба гуфтаи додситонӣ, ба дор кашидан аз шаклҳои маъмултарини худкушӣ дар видоят арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG