Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози бозорнишинони шаҳри Ваҳдат аз баста шудани дӯконҳо


Ҳудуди 100 нафар аслан фурӯшандаҳои бозори марказии ноҳияи Ваҳдат дар 30 километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон пас аз баста шудани дуконҳояшон аз тарафи мақомоти шаҳри Ваҳдат даст ба эътироз задаанд. Онҳо талаб намудаанд, ки масъулони бозори марказӣ ва мақомоти шаҳр ба мушкили онҳо расидагӣ ва дари дуконҳояшонро боз кунанд.

Абдураҳмон Раҳматов яке аз фурушандаҳои ин бозор ба радиои Озодӣ гуфт, намояндагони мақомоти шаҳри Ваҳдат ба онҳо дастур додаанд, то онҳо ба бозори нав бираванд. Ин бозор дар берун аз маркази ноҳия сохта шудааст ва бозорнишинон майл надоранд хариду фурӯши худро дар он ҷо идома диҳанд.

Ба гуфтаи Раҳматов, мақомоти шаҳрдорӣ ҳозир нашудаанд бо бозорнишинон дар ин бора сӯҳбат кунанд.
XS
SM
MD
LG