Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Озарбойҷон роҳсозони роҳи Абрешим корпартоӣ карданд


Садҳо нафар роҳсозон, ки дар Озарбойҷон ба сохтмони роҳи Абрешим машғуланд, дар наздикии шаҳри Ленкоран корпартоӣ карданд. Онҳо мегӯянд, ки дастмузди чаҳормоҳаи ахири худро нагирифтаанд.

Аз сохтмони ин роҳ Бонки Ҷаҳонӣ ҳимоят мекунад. Роҳсозон аввал ба назди дафтари ширкати роҳсозии Қафқоз омаданд, сипас то ба назди бинои шаҳрдории Ленкоран раҳпаймоӣ анҷом доданд.

Онҳо тақозо мекунанд, ки бояд ба ҳуқуқи онҳо эҳтиром гузоранд. Як мақоми ширкати мазкур ба радиои Озодӣ гуфт, ки коргарон дастмузди худро пурра хоҳанд гирифт, вале вай намедонист, ки роҳсозон дастмузди худро аз моҳҳои гузашта нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG