Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консулгарии ИМА дар Тоҷикистон ба амрикоиён ҳушдори амниятӣ дод


Тазоҳурот дар рӯбарӯи Сафорати Амрико дар Душанбе.
Тазоҳурот дар рӯбарӯи Сафорати Амрико дар Душанбе.

Консулгарии Амрико дар Душанбе ба шаҳрвандони ин кишвар, ки қасди сафар ба Тоҷикистонро доранд ва ё дар инҷо ба сар мебаранд, машварати амниятӣ додааст.

Дафтари матбуотии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, ки дар ин ҳушдор ба ҳамаи шаҳрвандони Амрико, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва ё қасди сафар ба ин кишварро доранд, машварат дода шудааст, ҳамеша ҳамроҳи худ шаҳодатномаи шахсӣ ё санаде, ки ҳуввиятро нишон диҳад, бо худ дошта бошанд.

Дар матни ин ҳушдор, ки дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" низ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки «рӯзи 5-уми апрел дар рӯбарӯи сафорати Амрико ва идораи Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе занону мардони ҷавон алайҳи озодии Абдумалик Абдуллоҷонов аз боздошташ дар Украина, эътироз карданд.»

Консулгарии Амрико ба шаҳрвандони ин кишвар машварат додааст, ки "ҳатто гирдиҳамоӣ ва ё роҳпаймоии сулҳомез метавонад гоҳо ба рӯёрӯӣ табдил шуда ва кор ба хушунат бикашад. Аз ин рӯ аз ҳар издиҳом ва тӯдаи мардум барҳазар бошанд"

Дар поёни ин ҳушдор Консулгарии Амрико ба шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон тавсия додаст, ки тавассути интернет ба барномаи STEP сабти ном шаванд, то сафорат тавонад дар сурати изтирорӣ, ҳушдорҳои амниятиро ба онҳо дастрас кунад.

Гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Амрико баъд аз зуҳри рӯзи 5-уми апрел бо ширкати даҳҳо нафар сокинони Тоҷикистон сурат гирифт. Эътирозгарон дар даст шиорҳои норозигӣ аз раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, аз боздоштгоҳи Украинаро ва бо талаби баргардонидани ӯ ба Тоҷикистон, хостори гуфтугӯ бо сафири ИМА дар шаҳри Душанбе шуданд.
XS
SM
MD
LG