Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Муҳиддин Кабирӣ бо шаҳрдорӣ ба таъхир афтод


Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ
Интизор мерафт, ки додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи чоршанбе нахустин мурофиаи додгоҳии баҳси Муҳиддин Кабирӣ бо шаҳрдори Душанберо баргузор кунад. Аммо бо назардошти баъзе печидагиҳо дар парванда ин мурофиа ба таъхир гузошта шуд

Бузургмеҳр Ёров- вакили мудофеъи Муҳиддин Кабирӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳи Исмоили Сомонӣ бо назардошти ин ки ин нахустин парвандае дар ин масъала буда ва бисёр печида мебошад, мурофиаро то 15 апрел ба таъхир андохтааст.

Вакили мудофеъ меафзояд, ки дар додгоҳ намояндагони шаҳрдорӣ низ ҳузур доштанд ва додрас эълон кард, ки чунин баҳс миёни Ҳукумати шаҳр ва як вакили порламон ва раиси як ҳизби сиёсӣ бесобиза будааст.

Қаблан парвандаи мазкур дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ шуд ва ин додгоҳ аз Муҳиддин Кабирӣ хост, ки аз шаҳрдорӣ узр хоҳад.
XS
SM
MD
LG