Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ва Тоҷикистон барои таъмири нақб 3 миллион долларӣ ҷудо мекунанд


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ёддошти тафоҳуми иловагӣ миёни Тоҷикистону Эрон барои бозсозии нақби «Истиқлол» -ро ба тасвиб расонд.

Низом Ҳакимов-вазири нақлиёти Тоҷикистон 10 апрел роҷеъ ба ин масъала дар порламон суханронӣ ва санади мазкури ҳамкориро муаррифӣ кард. Тибқи ин санад ҳар ду ҷониб барои таъмири нақби “Истиқлол” 3 миллион долларӣ ихтисос хоҳанд дод.

Ба гуфтаи вазир, корҳои босзоии нақб аз моҳи июни соли ҷорӣ шурӯъ шуда, то моҳи сентябр давом мекунад.
XS
SM
MD
LG